РӮЗГОРИ ПУРСАОДАТ

РӮЗГОРИ ПУРСАОДАТ

Агар ба саҳифаҳои таърих дида дӯзем, дарҳол ҳувайдо мегардад, ки афроде дар ташаккул, рушд ва пешрафти миллату давлати худ саҳми арзанда гузоштаанд, ки боиси ҷовидон мондан ва дар таърихи миллати худ бо ҳарфҳои заррин навиштани онҳо гардидааст. Ин гуна абармардон бешубҳа фахру ифтихори ҳам миллат шуда метавонанд.

 

Ба бахти миллати тоҷик, чунин марди наҷиб, ки ҳоло боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик гардидааст, ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тақдири тоҷик чунин созгор афтод, ки пас аз соҳибистиқлолӣ ба ҷои рушду пешрафт, тавассути кинаю нақшаҳои ғаразноки душманони дохилию хориҷии миллат ва ҳомиёни онҳо, кишвар ва мардуми он ба вартаи ҷанги ҳалокатбори шаҳрвандӣ кашида шуд, ки чи гуна натиҷа ба бор овард, барои ҳар яки мо ҳоло аён аст.

Дар чунин рӯзҳои барои кишвар душвор марде сарварии ин кишвари ба гирдоби ҷанг кашидашударо гирифт, ки гумон буд нафари дигар ба чунин иқдом – рӯи каф ниҳодани ҷони хеш даст мезад. Маҳз ин марди хирадманд тавонист кишвар ва мардуми онро аз чунин рӯзҳои бағоят душвор раҳонда, ба чунин рӯзҳои пурсаодат расонад.

Имрӯз мардуми тоҷик рӯзгори тинҷу осуда ва шоду хуррамро соҳиб гардидааст. Ва шукрона дорад. Шукронаи он ки фазои ватанаш оромию осудагӣ дорад ва дар чунин шароит пайи кору пайкор аст. То ватанаш боз ҳам гулгулшукуфон гардад.

Чунин рӯзгори пурсаодат барои мардуми тоҷик ба осонӣ даст надодааст. Тавассути заҳмату талошҳо, чонфидоиҳо дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамагон имрӯз насиб гаштааст. Заҳматҳои ин абармард бошад, дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

 

Эмомализода Умеда

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе