ҚОНУН  САРҲАД   ДОРАД

Баъзан одамон бинобар паст будани савияи дониши ҳуқуқиашон оқибати кирдору амали худро наандешида, даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд ва баъди ба ҷанги қонун афтодан ба кардаи  худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ мекунанд ва талаби сабук намудани ҷазоро ба миён мегузоранд. Дар ҳоле, ки қабл аз даст задан ба кору амали ғайриқонунӣ онҳо бо  такя ба ақлу идроки инсонӣ бояд аниқ дарк намояд, ки ҳар амалеро подоши муносиб дарпай аст. Инсони боирода  ва собитқадам ҳеҷ гоҳ фирефтаи  манфиатҷӯӣ нашуда, фикри берун қадам гузоштан аз сарҳади муқарраркардаи қонун намекунад.

Баррасии парвандаи судӣ нисбати судшавандагон А.М.Б. ва Ҳ.Ғ.А. маълум намуд, ки барои манфиатҳои шахсии хеш шуда, даст ба содир намудани ҷиноят задаанд.

Судшаванда А.М.Б. дар вазифаи муҳандиси бахши танзими замини Иститути лоиҳакашӣ- таҳқиқотии “Фазо” фаъолият намуда, баръало медонист, ки талаботи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, ҷудо намудани замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ваколати  бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо маслиҳати пешакӣ бо  Ҳ.Ғ.А. бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо  роҳи  фиреб, аз шаҳрванд Г.Д.Ш. ки барои  ҳуҷҷатгузории қитъаи замини наздиҳавлигиаш воқеъ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сайъу кӯшиш менамуд, вохӯрда, ӯро бовар мекунонанд, ки онҳо  дардоираи ваколатҳои хизматиашон ҳуқуқи омада  намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи  замини наздиҳавлигиро бо ному насаби ӯ доранд ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои мазкур, аз қабили додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ, қарордар бораи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ  ва  тайёр намудани  шиносномаи техникии ҳавлидорӣ маблағи 2200 доллари ИМА талаб мекунанд.

Сипас дар дохили яке аз ошхонаҳои ҳудуди пойтахт А.М.Б. ва Ҳ.Ғ.А. бо  шаҳрванд Г.Д.Ш. вохӯрда, А.М.Б. маблағи 1400 доллари ИМА ва 6000 сомонӣ ва Ҳ.Ғ.А. барои миёнаравӣ 200 доллари ИМА гирфта, дар  ҷойи  ҳодиса аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида, маблағҳои зикршуда ёфта  гирифта мешавад.

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳукм намуд, ки А.М.Б. ва Ҳ.Ғ.А. бо мооддаи 247, қисми 2 бандҳои “б,в,”-и Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шаванд.

Ба А.М.Б. ҷазои ҷарима тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои ҷавобгарии моддидошта дар ташкилоту муассисаҳо вобаста ба танзими замин ба муҳлати се сол таъин  карда шуд. Нисбати Ҳ.Ғ.А. бошад, ҷазои ҷарима бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти ҷавобгарии моддидошта  ба муҳлати се сол тадбиқ гардид.

Бо назардошти ин, дар самти риояи  пурраи меъёрҳои қонун шаҳрвандон бештар бояд талош намоянд, зеро дар  паси ҳар  ҳарфи ҳиҷои қонунҳои мазкур фақат нафъ ва манфиат барои  ҳар  кадоми  мо  ва  давлату ҷомеаамон на танҳо барои имрӯз, балки баҳри фардоямон , рушди бештари Ватани маҳбубамон ва саодати зиндагии шарофатмандонаи ҳамватанонамон  ниҳон мебошад. Зиндагиву фаъолияти бонизом дар доира ва чаҳорчубаи қонун кафили умри амну босубот аст.

 

Сурайё Ҷобирзода,

муовини якуми раиси суди

ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе