Оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим

Оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон,

ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд.

Дар оиладори ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳи манъ аст.

 

Таърихи ташакул ва инкишофи ҷомеаи башарӣ дар тӯли садсолаҳо ин ҳақиқати бебаҳсро ба ҳукми исбот расонидааст. Муносибатҳои никоҳию оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Кодекси оила ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад. Қонунгузории оилавӣ, қабл аз ҳама бинобар зарурати таҳкими оила, ташкили муносибатҳои оилавӣ дар заминаи эҳсоси муҳаббати пок, эҳтиром ва гиромидошти мутақобилаи ҳамсарон, кӯмаки байни ҳамдигари ва масъулияти аъзои оила дар назди якдигар, таъмини бемамонияти  татбиқи ҳуқуқҳои аъзои оила ва муҳофизати судии онҳо бунёд ёфтааст.

Дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки зану шавҳар баробар ҳуҳуқуқанд, яъне онҳо дорои ҳуқуқҳои баробари шахсӣ ва амволӣ мебошанд.

Шаҳрвандон ба ҳуқуқҳои ба онҳо таалуқдошта, ки аз муносибатҳои оилавӣ ва ҳуқуқҳои оилавӣ, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиердорӣ менамоянд, агар дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Ҳуқуқи худро амалӣ намудани аъзои оила ва иҷрои ӯҳдадориҳояшон набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила ва дигар щаҳрвандонро вайрон намояд. Ҳимояи ҳуқуи оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ ҳимоя карда мешавад (моддаи 7 КО ҶТ)

Чуноне, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалии Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 23 январи соли 2015 ироа гардид, дарҷ карда шуд, ки Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ стратегия ва консепсияҳо, дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеъа ва пойдориву устувории  оила  таъкид намудааст. Мо ин сиёсатро низ дар оянда давом дода занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идома бахши беҳтарин анънаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлат сафи онҳоро бештар  мегардонем. Бо вуҷуди дастгири аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла масъалаи пошхурдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад.

Масъалаи дигаре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамлакат дар Паём ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавонон мебошад. Воқеан, яке аз сабабҳои асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Ба ақидаи мутахассисони соҳа, агар фарзандон пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаранд, бо ин амали худ барои бунёди оилаи хушбахт ва ба дунё омадани кӯдакони солим, ки меваи умри одамӣ мебошанд, замина мегузоранд. Никоҳи хешутаборӣ бошад, боиси вайроншавии оилаҳо ва ба дунё омадани фарзандони маъюбу носолим мегардад. Дар иртибот ба ин мавзӯъ, яке аз саҳобагони Паёмбари ислом ривоят овардааст, ки «ба хешу ақрабои худ издивоҷ накунед, вагарна фарзандони шумо лоғар ба дунё меоянд». Унсурмаолии Кайковус менависад, ки «зан аз қабилаи дигар интихоб намо, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту аҳли ту бошанд». Ба гуфтаи Сарвари муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ба мо лозим аст, ки ба хотири ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ талош намуда, симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманди халқамон устуворона ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем».

Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2018 аз ҷониби судҳои ҷумҳури 41 158 парвандаҳои оилавӣ барраси карда шудаанд, ки аз ин 14 577 парвандаҳои оилавӣ вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ мебошанд, аз ин 9 727 даъвоҳо қонеъ карда шуда, 1 920 даъвоҳо рад карда шуда, 1022 даъвоҳо бинобар ошти шудани тарафҳо қатъ карда шуда, 1 697  даъвоҳо бинобар ҳозир нашудани тарафҳо бебарраси мононда шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта зиёд шуда истодааст.

Сабаби ин холат, пеш аз ҳама омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Дар миени ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёданд, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст.

Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18- сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари ин кӯдакҳо маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешованди, инчунин аз волидайни гирифтори нашъаманди ба дунё омадаанд.

Сабаби дигари пошхӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд.

Тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳоба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Айни ҳол бошад онҳо аз ин ҳуқуқи муқарарнамудаи қонун истифода намекунанд.

Бояд гуфт, ки маъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диқати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеъаро тақозо мекунад.

Мусалам аст, ки ҷомеъаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вабаста ба ин соли 2015 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалии Раҳмон «Соли оила» эълон карда шуд.

 

 

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

Шаҳри Душанбе                                           Раҳмонзода М.С.