Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили қонунгузорӣ дар давраи истиқлолият.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

такмили қонунгузорӣ дар давраи истиқлолият.

       Имсол аз қабули Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон 25 сол мешавад ва 6 –уми ноябр ин санаи таърихиро мо ҷашн мегирем. Конститутсия ин ҳуҷҷати олие мебошад, ки он сохти идоракунии давлатиро дар чаҳорчубаи муайяни қонунҳо тарҳрезӣ намудааст. Яъне бо тарзи дигар гӯем Конститутсияи ҷумҳури ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиатҳои ҳамаи рукнҳои ҷомеъаро дар бар мегирад.

      Бояд изҳор намоям, ки дар замони Ҳукумати Шуравӣ мо соҳиби конститутсияҳои умумихалқӣ будем ва ҳар яки онҳо афкору воқеъияти замони худро иникос мекарданд. Худи мафҳум ва ё истилоҳи «Конститутсия» ин «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-и ҳокимиятро маънидод мекунад. Аммо ба сифати Қонуни асосии давлат аз маҳдуд сохтани ҳокимияти беҳадди давлат, таҳкимбахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз замони ба миён омадани муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омад. Конститутсия ин Қонуни Олии кишвар ба ҳисоб меравад ва  онро муассисоте, ки дар чаҳорчӯбаи меъёру муқаррароти он таъсис ёфтаанд, наметавонад тағйир диҳанд. Тағйири Конститутсия бо роҳи хоса ва танҳо бо райъӣ аксари шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад. Бояд зикр намуд, ки давлатҳо дар ҷаҳон аз ҷиҳати шакл, сохт ва идоракунӣ гуногун мебошанд ва ҳар яки онҳо хусусияту вижагиҳои нотакрори иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву таърихӣ, диниву мазҳабиро доро мебошанд ва ҳар як давлат вобаста ба шароити худ қонуни асосиашро таҳия ва қабул мекунад. Ҳануз, дар тули беш аз 70 соли Ҳукумати Шуравӣ, Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ  соҳиби Конститутсияи худ буд ва он дар доираи Конститутсияи Давлати Шуравии Сотсиалистии Умумииттифоқ амал мекард. Ҳар боре, ки дар Конститутсияи умумииттифоқ таъғйиру иловаҳо ворид карда мешуд, дар дигар ҷумҳуриҳо низ бе каму кост тағйиротҳо ворид мегардид, ки аксар вақт баъзе хусусиятҳои ҷумҳуриҳои миллӣ нодида мемонд.

       Дар саҳифаҳои таърихи навин Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун марҳилаи нав дар заминаи таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ ва муайян намудани самтҳои асосии он, ки аз ҷониби Сардори давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон сурат гирифт, эътироф шудааст. Яъне бо пешниҳоди Сардори давлат Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бояд эътироф мешуд ва онро Конститутсияи кишвар тасдиқ мекард ва хушбахтона ин аҳкомҳои давлатӣ тозабунёд дар моддаи 1- и Конститутсия дарҷ ёфтаанд.

       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003, 24 августи соли 2016 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 10 Боб ва 100 Модда иборат буда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамаҷониба иникос намудааст.

       Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намудааст.

       Дар Конститутсия инчунин институтҳо ва масъалаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар, салоҳият ва вазъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ, ба зиммаи мақомоти прократура вогузор будани назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламравӣ ҷумҳурӣ мустаҳкам гардида, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, иҷтимоии давлат ва дигар падидаҳои воло муқарар гардидааст.

       Дар асоси  Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

       Умуман дар давраҳои муайяни таърихӣ раванди қонунгузории кишвар вобаста ба масоили муҳимми самти инкишофи давлат таъсири муайянро ба худ эҳсос намуда, баҳри дуруст тарҳрезӣ намудани роҳи асосии инкишофи давлат, ки аз табиати Конститутсияи кишвар бар меоянд, ба қадри зарурӣ такмил ёфта, фазои ҳуқуқии мусоид дар кишвар муҳайё карда шуд.

       Дар ҳамин радиф бояд қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон санадҳои зиёди байналмилалиро, ки характери универсалиро доро мебошанд, дар соҳаҳои гуногун аз қабили дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини ҳуқуқҳои занон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пешгирии ҳолатҳои шиканҷа ва чандин санадҳои дигарро, пазируфтааст, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил дода, сатҳи амали онҳо дар моддаи 10 Конститусияи мамлакат мустаҳкам гардидааст.

       Дар асоси амалишавии ин меъёрҳои Қонуни олии кишвар гуфтан мумкин аст, ки имрӯз андешаҳои муосири парламентаризми миллии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, аз ҷониби парлумони мамлакат раванди қонунэҷодкунӣ, хусусан қонунҳои миллӣ, ки мақсаду мароми онҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар мебошад, бо маром идома ёфта истодааст.

       Дар ин ҷода метавон қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ ба парлумони кишвар пешниҳод шуда, онҳо қабул гардиданд, номбар намуд.

       Бояд қайд кард, ки ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки зинаи муайянкунандаи  рушди давлат ва ҷамъияти мустақил буда, натиҷаи инкишофи  тўлонии  низоми ҳуқуқии инсоният ва олитарин  арзиши  иҷтимоӣ ба шумор меравад, аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар ҳамаи қонунҳои амалкунандаи давлатамон мукаммал   гардонида шудааст.

       Дар поёни суханҳо мехоҳам аз фурсати муносиб истифода бурда, кули мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни 25 – умин солгарди қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, рӯзгори тинҷу ором ва ваҳдату риояи низоми қонунро хоҳонам.

 Муовини якуми Раиси  суди

 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:                             Ҷобирзода С.Ҳ.