Хашт доғи дили як модар…  

16 марти соли 2015. Мардум омадани Наврузи оламафрузро интизор буданд…. Аммо у,  ки муваккатан бекору бепул буд, хамон руз вактро бо тамошои бозори Шохмансур мегузаронд. Мард дар чавони бояд кувва ва тавоноии худро барои кори фоиданок сарф кунад ва ба он васила рузгори худро пеш барад. Боз хам вакте ки мисли ин чавон як фарзанди ноболиг дошта бошад. Бо маълумоти миёна ва бе касбу ихтисос холо пайдо кардани кори даромаднок мушкил аст. Шояд сабаби асосии бе кору бе машгулият будани у низ  хамин буд. Модар хам гумони голиб, ки интизори дасти кумаки ягона писараш буд. У ки талхии шаходати 7 писари дигари аз 20 то 31 солаи худро чашида буд, ба чуз хамин писараш дастгиру кумакрасон надошт. Модар дар ин лахзахо  тамоман фикр намекард, ки писараш ба ин кор кодир аст –дузди мекунад ва уро шармсору оби дида ба ру. Имруз писараш дар курсии айбдори нишаста аст. Хам у хайрон асту хам келинашу хам набераи дуструяш…

 

Музаффаров Мухаммадбег Имматшоевич  20 октябри соли 1984 дар Душанбе таваллуд шуда, бо маълумоти миёна муваккатан бекор аст. Хизмаи аскариро хам адо накардааст. Нимарузи 16 март хангоми гаштугузор дар бозори Шохмансур ду нафар зани русмонандро мебинад, ки баъди  харид хамёни худро кушода, хисоби мекарданд. Хисси ба даст овардани пули бе дарди миён дар ниходи Мухаммадбег боло мегирад ва у аз пуши он ду нафар меравад. Зани аввали, ки аслан зодаи Украина буду инчо мехмон ва саргарми тамошои бозори точики, намефахмад, ки чи гуна Мухаммадбег хамёни уро медуздад. Утёнкова Марина Викторовна баъди он, ки набудани хамёнашро дарк месозад,  барои кумак ба кормандони милиса мурочиат мекунад. «Пулдори»-и Мухаммадбег дер давом намекунад. Баъди чанд лахза уро дастгир мекунанду баъди тартиби санади дахлдор хамёнро аз у бозпас мегиранд.

Садафмо Наимова дар мачлиси суди ба хайси шохиди иловаги ширкат кард. Ин кас модари судшаванда Мухаммадбег Музаффаров аст.  Шунидани суханони модар ва киссаи рузгори модари дилшикаста дар мурофиаи суди хеле гарон буд. На хар кас тавони тахаммули марги 7 фарзанди худро дорад!  Тасаввур мекардам, ки модар чи гуна ба умеди ягона писару ноновари хонааш- Мухаммадбег будааст. Ва хам интизори ва орзухои барбодрафтаи ин модари чигарсухтаро эхсос мекардам. Ягона писараш, ки бе кору бе пул буд, барои мехнати халол камар набаст, фикри фарзанди хурдсолашро накард, ба гами модар гами дигаре зам кард…

Аммо модари чигарсухта (ки 7 фарзанди дигарашро гуронида будааст) ба болои хамаи ин мушкилофарии писараш аз суд хохиш мекард, ки пирии худашу чавонии писарашро ба назар бигирад. Зеро у ва набераву келинаш дигар кумакрасону таъмингаре надоранд.

 

Суд хам албатта бо назардошти конунхои чори ва махсусан моддаи 61-и Кодекси Чиноятии Точикистон холатхои сабуккунандаи чазоро сарфи назар накард. Суд ба инобат гирифт,  ки гумонбаршуда Мухаммадбег Музаффаров ба гунохаш пурра икрор аст,  сидкан эхсоси пушаймони мекунад, фаъолона дар рафти тафтишот кумак мерасонад ва зарари расонидаро пурра баркарор кардааст. Тавре дар болотар гуфтем, у хатто натавонист, ки ягон дирам пули дуздидашаро  барои эхтиёчоти худаш сарф кунад. Мувофики талаботи моддаи 62-и Кодекси Чиноятии Точикистон дар кирдори Мухаммадбег холатхои вазнинкунадаи чазо чой надошт. Мувофики санадхои хукуки ва конунгузорихои чори конунгузор барои хамин намунаи чиноятхо аз 5 то 8 соли зиндонро пешбини кардааст…

 

Аммо дар холати мазкур зимни муайянсозии андозаи чазо суд тамоми холатхои дар боло зикршударо ба инобат гирифта, ба хулосае омад, ки нисбат ба судшаванда Мухаммадбег Музаффаров бо дастрасии моддаи 63-и Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон чазои махрум сохтан аз озодиро аз хадди поёнии санксияи кисми 3-и моддаи 244-и Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон пешбиникарда, камтар таъин намояд.

Музаффаров Мухаммадбег Имматшоевич бо моддаи 244 кисми 3, банди «А» -и Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон гунахкор дониста шуда, ба у бо дастрасии моддаи 63, кодекси Чиноятии Чумхуриии Точикистон чазои махрум сохтан аз озоди ба мухлати ду солу шаш мох дар калонияи ислохии низомаш пурзур таъин карда шавад.

 

Мехмони горатшудаи Душанбе – Утёнкова  Марина Викторовна, ки акнун хама маблагхои дуздидашудаи худро бозпас гирифт, бо гузашти вакт шояд ин холати ногуворро фаромуш мекунад, чун максади таъини чазо ислох шудан аст, ба гумони голиб, ки  Мухаммадбег Музаффаров хам ислох мешавад ва баъди адои чазо чойи кор ва шуглу ихтисосе хам меёбад. Аммо доги судии ягона писар чун доги сиёхе ба дили модари гамсухтаи Мухаммадбег як умр боки хохад монд. Чун доги хаштум баъди вафоти хафт фарзанди чавони дигараш…

 

Чавонони гироми! Мо дар чомеъа ва кишваре зиндаги мекунем, ки имкони кору фаъолият, тичорат, дехкони ва истехсолот барои хар кадоми шумо васеъ фарохам аст. Чиноят содир накунед, то бехтарин айёми умратон дар зиндон сипари нашавад. Донишу кувва ва тавонии худро барои таъмини оилахои худ ва бехдошти зиндагии худу наздиконатон истифода кунед. Фарзанди хубу солехе  шавед, ки волидон аз Шумо ифтихор кунанд. Онхо арзандаи эхтиром ва зиндагии шоиста хастанд!!!

 

Судяи Суди нохияи Шохмансури

шахри Душанбе

Курбонзода Каминахон Рахмат