Ба истиқболи 25 умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия – роҳнамои имрузу фардои давлату миллат

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. (моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сантябри соли 1991 истиқлолиятро ба даст овард. Пас аз ба даст овардани истиқлолият бояд санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном   Конститутсия муаррифи мешавад ва санади асоси шинохта шуда аст. Якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умуми қабул гардидааст, ки он бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик мебошад ва  имсол ба қабули он  25 сол пур мешавад.

Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Дар тӯли 25 соли мавриди амал карор доштани ин сарқонун се маротиба, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо гирифтани райъи умумии халқ тағйиру иловахо ворид карда шуд.  Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми қонунгузорӣ, сулҳу субот ва камолоти давлатдорӣ мусоид мебошад.

Дар боби якум, моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф гардида барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин маънои онро дорад, ки он тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолиро новобаста аз ҷинс нажод зери ғамхори фаро мегирад.

Маҳз бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Тоҷикистон ҷумҳурии соҳиб-ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, бо ин қонун навовариҳо дар тамоми самтҳои давлатдорӣ  ворид карда шуд.

Аз ҷумла дар конститутсияи ҶШСТ дарҷ гардидааст, ки ҳамаи ҳокимият дар ҶШСТ ба халқ таълуқ дорад. Халқ ҳокимияти давлатии худро ба тариқи Шурои вакилони халқӣ амали мегардонад, ки асоси сиёсати ҶШСТ-ро ташкил медод. Дар асоси моддаи   9 – и конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол  Ҳокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Яъне агар дар Тоҷикистони шӯравӣ Идораи ҳокимият аз тарафи халқ ба тариқи Шӯрои вакилони халқӣ ба роҳ монда шуда буд, имрӯз дар даврони истиқлол ҳокимият ба се шохаи мустақил таҷзия гардид, ки ҳар яки онҳо дар алоҳидаги дар самтҳои худ фаъолият карда истодаанд.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки бори аввал дар таърихи давлатдори чумҳурии тоҷикистон забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон карда шуд. Зеро дар моддаи 2 Конститутсия оварда шудааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷики аст. Ин шаходати онро дорад, ки пас аз чандин солҳо  забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро гирифт ва имрӯз тамоми хуҷатнигориву санадҳои меъёри  ҳуқуқи ва муносибатҳои меҳнати бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар конститутсияи ҶШСТ забони давлати забони тоҷики набуда, ҳамчун забони муошират ба ҳисоб мерафт ва забони давлати забони руси ҳисоб мешуд.  Хушбахтона ин самараи неки соҳибистиқлолии давлати азизамон Тоҷикистон мебошад, ки забони давлати забони тоҷикӣ эътироф гардида забони руси хамҷун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Рамзҳои давлатӣ чун муқаддассоти давлату миллат Конститутсия шинохта шудаанд.

Бо моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шудааст.

Афзалияти дигари Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боби алоҳида вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бар меояд.  Хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳури ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд ва дар Конститутсияи ҶШСТ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кафолат дода нашуда буд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳалӣ  ва мақомоти худидоракунии маҳалиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин  мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Дар вақти таҳияи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модар ва тарбияи фарзандон диқати махсус дода шудааст.  Давлат оиларо хамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Хар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Илова бар ин масъулияти падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар ба низоми муайяни ҳуқуқи дароварда шуд.

Дар боби сеюми Конститутсия макому салоҳияти Маҷлиси олӣ оварда шудааст, ки аз ду маҷлис Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. То ба даст овардани истиқлолият дар замони ҶШСТ, Шӯрои олии ҶШСТ, ки тамоми масъалахои доир ба ҶШСТ, Конститутсияи ИҶШС ва Конститутсияи ҶШСТ амали мекард. Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон боби алоҳида ба Маҷлиси оли бахшида шудааст, ки тамоми вазифаҳо ва салоҳияти он дарҷ гардидааст.

Афзалияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки дар боби ҳаштуми Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилота муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсиони, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амали мекунанд. Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад. Мухлати ваколати судяҳо 10 сол муайян карда шудааст.  Дар моддаи 152 Конститутсияи ҶШСТ омадааст, ки     ҳокимияти суди дар ҶШСТ ба тариқи судҳо амали мегардад. Судҳои ҶШСТ иборат аст аз Суди олӣ, судҳои вилоят, суди ВМКБ, суди шаҳри Душанбе, суди халқӣ ноҳия (шаҳр). Судяҳо ба тариқи овоздиҳи таъин мегардиданд ва муҳлати ваколати онҳо 5 сол муайян карда шуда буд. Дар даврони истиқлолият дар соҳаи ҳокимияти суди Суди Конститутсиони, Суди Олии Иктисодӣ, Суди иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, Суди иқтисодии ВМКБ ва Суди Ҳарби таъсис дода шуданд, судяҳо бо пешниҳоди Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президент таъин карда мешаванд, ки ин дар самти ҳокимияти суди як дастоварди тоза ва беназир мебошад.

Умуман низоми одилона ва устувор дар меъёрхои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд ва чунин низомро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади асосӣ  танзим менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳнамоест барои имрузу фардои давлату миллат.

 

Судяи суди ноҳияи Шохмансури

шахри Душанбе Раҳмонзода М.С.