Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

25.10.2019 17:19, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд.

Қонуни мазкур дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Қонун «Дар бораи авф» ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад. Аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.

Мақомоти дахлдор бояд дар мӯҳлати ду моҳ қонунро пурра татбиқ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Матни пурраи қонун дар матбуот нашр карда мешавад.

сарчашма: http://prezident.tj/node/21695