Ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оиди ба манфиати давлат рӯёнидани маблағи зарар ба андозаи 1524 (як ҳазору панҷсаду бисту чор) сомони

 

 

ҲАЛНОМА

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

06 августи соли 2019                                                         шаҳри Душанбе

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Дар ҳайати раисикунанда: Ҷобирзода С.Ҳ.

Бо котибии Ҷонзода Б.Н

Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори толори суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ бо даъвои Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати Р.Т.М. дар бораи ба манфиати давлат рӯёнидани маблағи зарар ба андозаи 1524 (як ҳазору панҷсаду бисту чор) сомониро мавриди баррасӣ қарор дода:

МУАЙЯН КАРД:

            Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати Р.Т.М. дар бораи ба манфиати давлат рӯёнидани маблағи зарар ба андозаи 1524 (як ҳазору панҷсаду бисту чор)  сомонӣ ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, даъвояшро чунин асоснок кардааст, ки прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳолати таъмини иҷрои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи энергетика” ва “Қоидаҳои истифодабарии барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-дар қисми пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ аз тарафи шаҳрвандон мавриди санҷиш қарор дода, муайян карда шудааст, ки тибқи шартномаи байни ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” ва шаҳрванд Р.Т.М. бояд номбурда маблағи истифодаи қувваи барқро мувофиқи ҳисобкунаки барқӣ ба ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” пардохт намояд.

Аммо хилофи талаботи “Қоидаҳои истифодабарии барқ ва шартномаи зикршуда” Р.Т.М. қувваи барқро дар хонааш мунтазам истифода бурда, маблағи истифодабарии барқро сари вақт пардохт накарда, ба давлат маблағи 1524 сомонӣ зарар расонидааст.

Азбаски қарзи аҳолии ноҳия аз истифодаи барқ, маблағи зиёдеро ташкил медодааст, пардохт нашудани он метавонад боиси қатъ шудани барқ ба аҳолӣ гардад. Аммо шаҳрванд Р.Т.М. бо дағалона вайрон намудани уҳдадориҳояш, ки аз шартномаи  тарафҳо бармеояд,муроҷиати ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” оиди пардохти қарзи истифодаи қувваи барқро умуман ба инобат нагирифта, аз ихтиёран пардохти он дидаю дониста саркашӣ намуда истодааст.

Бо чунин асосҳо аз суд хоҳиш кардааст, ки аз ҳисоби ҷавобгар Р.Т.М. ба манфиати давлат маблағи зарар ба андозаи 1524 (як ҳазору панҷсаду бисту чор) сомонӣ ситонида шавад.

Дар мурофиаи судӣ намояндаи прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зеварова З даъвои прокурор нисбати Р.Т.М. оиди рӯёнидани маблағи зарарро дастгирӣ намуда, ба монанди он баёнот дода аз суд хоҳиш намуд, ки даъво қонеъ карда шавад.

Дар мурофиаи судӣ ҷавобгар Р.Т.М. даъвои прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бораи манфиати давлат рӯёнидани маблағи зарарро қисман эътироф карда, баён намуд, ки дар давраи баҳси судӣ аз ҷониби ӯ тибқи расид қисмати маблағи қарз ба андозаи 1000 сомонӣ ба фоидаи ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе”  пардохт карда шуда, боқимонда маблағи қарз 524 сомониро ташкил медиҳад, ки  то ҳол пардохт карда нашудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки даъво қисман қонеъ карда шавад.

Суд баёноти тарафҳоро шунида, далелҳои дар парванда ҷамъовардашударо таҳлил намуда, ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, бо асосҳои зерин қисман қонеъ намудани даъворо ба мақсад мувофиқ донист:

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 569 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаи таъмини барқ ташкилоти таъминкунандаи барқ ӯҳдадор мешавад, аз тариқи хати барқи васлшуда нерӯи барқ диҳад ва мизоҷ (абонент) бошад уҳдадор мегардад, ки арзиши барқи истифодашударо пардозад, инчунин низоми истифодаи онро, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, риоя намояд, таъмини бехатарии истифодаи шабакаҳои барқи таҳти ихтиёраш қарордошта, инчунин дастгоҳ ва таҷҳизоти истифода менамудаашро вобаста ба истифодаи барқ дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дорад.

Мувофиқи шартномаи байни ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” ва шаҳрванд Р.Т.М. бояд номбурда маблағи истифодаи қувваи барқро мувофиқи ҳисобкунаки барқӣ ба ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” пардохт намояд.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 578 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои вобаста ба шартномаи таъмини барқ ташкилоти таъмини барқ ва мизоҷ (абонент) ӯҳдадоранд зарари воқеии (қисми 2 моддаи 15) ба ин васила расонидашударо  ҷуброн намоянд.

Суд аз далелҳои ҷамъовардашуда ва  баёноти  тарафҳо муайян намуд, ки дар асл ҷавобгар Р.Т.М.  мувофиқи шартҳои шартномаи дар боло зикршуда, ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро номатлуб иҷро намуда, пардохти маблағи қувваи барқи истифодашударо тибқи нишондоди ҳисобкунаки барқӣ аз рӯи нархнома пардохт накарда, дар назди ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”  ба маблағи 1524 сомонӣ қарздор дониста шудааст.

Суд муайян намуд, ки дар рафти мурофиаи судӣ аз ҷониби ҷавобгар Р.Т.М.  дар асоси расид қисмати маблағи қарз ба андозаи 1000 сомонӣ ба фоидаи ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” пардохт карда шудааст.

Ҳамин тариқ суд аз маводҳои дар қабати парванда ҷамъовардашуда муқаррар намуд, ки қарздории ҷавобгар Р.Т.М.   дар назди ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”  барои истифодаи қувваи барқ,  524 сомонӣ боќи  мондааст.

Тибқи талаботи моддаи 1079 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон зараре, ки бо амал (беамалӣ)-и ғайриқонунӣ ба шахс ё амволи шаҳрванд, инчунин ба шахси ҳуқуқӣ, давлат расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расонидааст, ҷуброн карда шавад.

Суд бо назардошти далелҳои дар боло овардашуда лозим донист, ки  даъвои прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати Р.Т.М. дар бораи ба манфиати давлат рӯёнидани маблағи зарар ба андозаи 1524 (як ҳазору панҷсаду бисту чор) сомониро қисман қонеъ намуда, маблағи напардохтаи 524 сомонӣ аз ҳисоби ҷавобгар рўёнида шавад.

Ҳамзамон суд масъалаи рӯёнидани хароҷоти судиро тибқи талаботи моддаи 100 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намуда, ба хулоса омад, ки аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи давлат боҷи давлатӣ рӯёнида шавад.

Бинобар ин дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 198-202 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд:

ҲАЛ КАРД:

            Аризаи даъвогии Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати Р.Т.М. дар бораи ба манфиати давлат рӯёнидани маблағи зарар ба андозаи 1524 (як ҳазору панҷсаду бисту чор) сомонӣ қисман қонеъ карда шавад.

Аз ҳисоби ҷавобгар Р.Т.М.  ба манфиати давлат маблағи зарар ба андозаи 524 (панҷсаду бисту чор) сомонӣ рӯёнида шавад.

Аз ҳисоби ҷавобгар  Р.Т.М.  ба  фоидаи давлат боҷи давлатӣ ба андозаи  15 сомонию 72 дирам рӯёнида шавад.

Нисбати халнома дар муддати як моҳ аз рӯзи гирифтани ҳалномаи асоснок ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе  тавассути ҳамин суд шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

 

Раисикунанда:                                                                           Ҷобирзода С.Ҳ.