ҶАЛАСАИ XV-УМИ РАИСОНИ СУДҲОИ ОЛИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ

Рӯзи 30 октябри соли 2020 ҷаласаи XV-уми Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо тариқи онлайни (видеоӣ) таҳти раисии Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои Судҳои Олии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии халқии Хитой, Ҳиндустон, Покистон, инчунин Котиби Генералии Созмони ҳамкории Шанхай, намояндаи махсус ва ҳамоҳангсози САҲА, намояндагони давлатҳои нозир иштирок ва суханронӣ намуданд.
IMG_8285.JPGТибқи барнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин:
— нақши судҳо дар таъмини арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули иҷтимою иқтисодии давлатҳо, инчунин ба танзим даровардани муносибатҳои ҳуқуқӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонии (глобалии) COVID-19, пешгирӣ ва назорати паҳншавии он;
— принсипҳо, афзалиятнокӣ, танзими ҳуқуқии рақамисозии (цифровизатсияи) мурофиаи судӣ;
— гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ;
— рушди мурофиаҳои маъмурӣ;
— пешгирии хавфҳои коррупсионӣ дар судҳо;
— таҷрибаи баррасии парвандаҳо дар бораи маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа раисон, судяҳои Судҳои Олӣ ва дигар иштирокчиён баромад карда, фикру андешаҳои худро оид ба муҳимияти мавзўъҳои баррасишаванда, қонунгузории кишвари худ, таҷрибаи судӣ ва роҳҳои инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳо иброз намуданд.
Дар охири ҷаласа изҳороти муштараки Раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабул карда шуда, тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ ҳамкории судманд байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо идома дода шавад.IMG_8304 (2).JPG
Маврид ба зикр аст, ки баргузории ҷаласаҳои мазкур ва ҳамкории сарони мақомоти олии судии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай имкон медиҳад, ки робитаи байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо таҳким бахшида шуда, ҷиҳати шиносоӣ пайдо кардан аз таҷрибаи судӣ, раванди ислоҳоти судию ҳуқуқии ҳамдигар ва рушди қонунгузории миллии кишварҳои аъзо мусоидат менамоянд.

сарчашма: https://sud.tj/markazi-matbuot/khabarho/375/