Ҳукми суд бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳ У К М

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

02 апрели соли 2021                                                                   шаҳри Душанбе

 

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Умарзода Ирода Бахтиёр, машваратчиёни халқиӣ Мирзошозода Миҷгона ва Ҳасанзода Муҳаммад, бо котибии Раҳмониён Ҷаҳонгир Ғайрат, бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Раҳимов Саидвали ва бо иштироки ҳимоятгар Хайридинов З.К. дар маҷлиси кушоди судӣ дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда К.Н.А., 15 июли соли 1984 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, таҳсилот надорад, муҷаррад, соҳиби ду фарзанд, муваққатан кор намекунад, ўҳдадории ҳарбӣ надорад, аъзои ягон ҳизб нест, пеш суд нашудааст, ҷойи истиқоматаш шаҳри Душанбе, кўчаи —— бинои ——, хонаи —— дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро баррасӣ намуда, суд-

 

М у а й я н   к а р д:

 

Судшаванда К.Н.А. санаи 25 сентябри соли 2020 соати 21:00 ҳамроҳи ҷабрдида З.Ш.Н.дар назди майдончаи варзишии назди бинои №68-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохурда, маводи мадҳушкунандаи навъи “чарс” кашидаанд. Баъдан барои идома додани истироҳати худ бо маслиҳати якдигар, нушокии спиртии навъи “настойка” харидорӣ карда, ба манзили зисти судшаванда, ки дар наздикии майдончаи варзишӣ воқеъ будааст, даромадаанд. Дар онҷо хурок ястеъмол намуда, арақи харидорикардааншонро нушидаанд. Дар ҳамин вақт ҷабрдида З.Ш.Н.ба судшаванда К.Н.А. таклиф кардааст, ки бо модари ў оиладор шавад. Аз ин таклифи ҷабрдида З.Ш.Н.ў ба ғазаб омада, миёнашон муноқиша cap задааст. Дар натиҷа ў ҷабрида З.Ш.Н.ро бо табақи сафолии дар дастархонбуда задааст ва то поёни бино кашолакунон фаровардааст. Ӯ кирдори авбошонаи худро, ки дар дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, идома дода, муддати 5 дақиқа дар назди майдончаи варзишӣ З.Ш.Н.ро бо дасту пояш лату куб кардааст. Ин ҳолатро футболбозон дида, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардаанд. Пас аз ин ў ба хона медарояд ва баъди гузаштани 15-20 дақиқа боз барои майнушӣ ба поён мефарояд. Ҳангоми аз назди майхона воқеъ дар кўчаи Айнӣ 74 “а” гузаштанаш ҷабрдида З.Ш.Н.ро мебинад. Бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаи худ бо корди хоҷагии қаблан мусаллаҳгаштааш 3-зарба ба узвҳои ҳаётан муҳими ҷабрида Зикрёев Ш.Н., яъне як зарба ба қисмати гардан ва 2-зарбаи дигар ба қисмати қафаси синаи охирин мезанад ва ҷабрдида аз захмҳои гирифтааш ба замин меафтад. Пас аз содир кардани ин ҷиноят судшаванда барои худиқрорӣ ба назди Минтақаи маъмурии хизматии №9 ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе меравад.

Ҷабрдида Зикриёв Ш.Н. аз ҷониби Раҳмонов Ш.Ҷ. ва А.Ш.Қ. сари вақт ба беморхона оварда шуда, бо ҳолатҳои аз иродаи судшаванда К.Н.А. вобаста набуда, яъне дахолати саривақтии духтурон марги З.Ш.Н.фаро нарасидааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ №6152 аз 30 сентябри соли 2020 дар бадани ҷабрдида З.Ш.Н.чунин ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мушоҳида гардидаанд: захми халандаю буридаи қафаси сина аз чап дар байни қабурғаҳои 9-10 бо маҷруҳшавии ҳиссаи поёнии шуши чап, захмҳои халандаю буридаи вориднашавандаи қафаси сина аз чап дар болои қабурғаи 8 бо хати шона ва дар болои шонаи рост, захми буридаи пушти гардан аз рост, харошаҳо дар маҳалли кушодаи пешона аз рост дар болои кунҷи дарунии камони абрўи чап, дар болои қабурғаи 6 бо хати миёнақулфак, дар болои қабурғаи 8 бо хати қафои зерибағали аз чап ва дар қафои оринҷи дасти чап. Ҷароҳатҳои ҷисмонии номбаршуда дар ҳамбастагӣ ба зарари вазнин ба саломатӣ мансуб буда, ба ҳаёт хавфнок мебошанд. Захмҳои халандаю бурида аз таъсири теғи корд бардошта шудаанд, инро ҳамвору суфта будани канорҳои захмҳо ва бартарии чуқурии онҳо бар дарозиашон собит месозад. Захми буридаи гардан аз таъсири ҷисмҳои тезу буранда, мумкин аз таъсири дами тези корд бардошта шудааст, ба ин ҳамвору суфта будани канорҳои захм, охирҳояш кунҷи тез ва бартарии дарозии он бар чуқуриаш. Харошҳо аз таъсири ҷисмҳои кунду сахт бардошта шудаанд.

Судшаванда К.Н.А. дар маҷлиси судӣ бо айби ба ў эълон карда шуда бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро қисман айбдор шуморида, нишондод дод, ки рўзи 25 сентябри соли 2020 бегоҳирузӣ соатҳои 18:30 дақиқа ў барои нушидани нушокии спиртӣ ба майхонаи назди хонаашон рафта, ба маблағи 5 сомонӣ 100 грамм нушокии спиртии навъи «Настойка» нушидааст. Пас аз дуюним соат соатҳои 21:00 дақиқа ў боз барои нушидани май, ба майхонаи рафта, ба маблағи 5 сомонӣ боз 100 грамм нушокии спиртӣ нушидааст. Дар назди майхона ў ҷабрдида З.Ш.Н.-ро дида, саломалейк намудааст. Ҳангоми суҳбат ба ў пешниҳод мекунад, ки телевизори фурўшӣ дорад агар хоҳад ба ў нишон метияд. Пас аз ин онҳо ба назди варзишгоҳ зери куттии барқ (трансформатор) нишаста, чарсро дар тори сигор даргиронда, дудашро ба навбат фуру мебаранд. Ҷабрдида З.Ш.Н. аз ў пурсидааст, ки ягон хуриш (закуска) дошта бошад ҳамроҳ нушокии спиртиро истеъмол кунанд. Онҳо ба манзили истиқоматии ў даромада, аз яхдонаш картошка бирён бароварда, ҳамроҳи ҷабрдида З.Ш.Н.нушокии спиртиро нушидаанд. Ҳамин вақт ҷабрдида ба ў пешниҳод мекунад, ки модари судшавандаро ба занӣ гириад. Ӯ сахт дар ғазаб омада, аз ҷояш хеста, аз гулуи ҷабрдида З.Ш.Н.бо дасташ сахт дошта, дар танаи девор қапида, мепурсад, ки «ту чӣ гуфта истодаӣ, модари ман зани пиронсол мебошад», вале ҷабрдида боз такрор мекунад, ки «хай фарқаш чӣ пир аст, ёш аст, ман ўро ба занӣ мегирам». Баъд аз ин суханҳо ў сахт ба ғазаб омада, тавоқи сафолии дар дастархон бударо гирифта, дар болои сараш мезанад. Боз ба сараш як маротибаи дигар ба руи ҷабрдида мезанад. Ҷабрдида аз тарс аз дасти ў гурехта, ба тарафи дари даромадгоҳи хона давида ба подъезд мебарояд. Ӯ бошад аз қафои ҷабрдида давида, ба подъезд мебарояд ва телазанон ўро аз чорум ошёна то ошёнаи якум мефарорад. Дар беруни манзили истиқоматиашон бо мушт дар руи ҷабрдида мезадааст ва онҳоро бозингарони майдончаи варзишии назди хонаашон тамошо мекарданд. Дар ҳамин вақт Қурбонов Р., ки дар майдончаи варзишӣ ба варзишгарон тамрин мекардааст, ҳамроҳи дигар варзишгарон омада, онҳоро аз ҳам чудо кардааст. Ӯ бошад боз барои нўшидани нўшокии спиртӣ ба майхона рафтааст. Дар назди майхона ў боз ҷабрдидаро мебинад ва З.Ш.Н. ба ў ҳамла мекунад. Дар вақти ҷанҷол ў ҳис мекунад, ки ҷабрдида ҷисман аз ў бузургтар аст, аз ин ру корди ошхонагие, ки ў бо он дари хонаашонро мекушоду махкам мекардааст бо он дар аввал дар қисмати пушти гардани ҷабрдида ва боз 2 маротибаи дигар дар қисмати қафаси синааш мезанад. Пас аз ин зарбаҳо ў мебинад, ки ҷабрдида дасташро пушти гардан бурда, аз ҷояш намеҷунбидааст. Дар як вақт мебинад, ки корди дар дасташ буда пур аз хун аст.

Ӯ барои худиқрорӣ ба назди нозири минтақавӣ Х.Х. рафта, ҳолати корро ба пуррагӣ нақл мекунад. Ӯ ҷабрдидаро куштан намехостааст. Бинобар сабабе, ки ҷабрдида З.Ш.Н.модарашро таҳқир кардааст аз ин кирдори ў ба хашм омада, аз корди дар дасташ буда истифода кардааст. Аз кардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде судшаванда К.Н.А. ба гуноҳаш қисман иқрор бошад ҳам, боз гуноҳи ў бо дигар маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, ки дар рафти тафтишоти судӣ таҳқиқ гардидаанд тасдиқи худро ёфтааст, чунончӣ:

Дар маҷлиси судӣ ҷабрдида З.Ш.Н.пурсида шуда чунин нишондод дод, ки рўзи 25 сентябри соли 2020 ў соатҳои 15 аз хона баромада, ба майхонаи воқеъ кўчаи Айнӣ рафта, дар онҷо то соатҳои 19:00 нишаста май нушидааст. Ӯ аз майхона баромада, хостааст ба хонааш баргардад ва ногаҳ судшавандаро дидааст. Бо ў каме суҳбат мекунанд ва судшаванда пешниҳод намудааст, ки телевизори фурушӣ дорад. Онҳо якҷо як шиша майи навъи “Тоҷикистон”-ро гирифта, ба хонаи истиқоматии судшаванда рафтаанд. Аз сабаби бисёр маст буданашон байни онҳо муноқиша бархестаасту, судшаванда ўро дашномҳои қабеҳ кардааст. Ӯ хостааст, ки ўро ором кунад, ба у гуфтааст, ки дод назанад ҳамсояҳо бедор мешаванд, вале судшаванда ўро лату кўб кардааст. Бинобар ин ў пойафзолҳояшро гирифта аз хона гурехтааст. Ногоҳ судшаванда аз пасаш омада, ўро тела додааст, ки аз роҳрави чорум ошёна ба роҳрави сеюм ошёна афтидааст ва боз хостааст, ки аз ҷояш хезад, судшаванда такроран ўро тела додааст, ки ў ба роҳрави сеюм ошёна афтида, сарашро дар девори роҳрав задааст. Ӯ аз ҷояш хеста, ба хона равон шудааст ва тахминан 100-200 метр роҳро тай кардан аз сабаби бисёр маст буданаш хостааст, ки ба ҷиянаш занг занад то ўро ба хона барад, вале дар кистааш телефони мобилиашро дарёфт накардааст. Аз ин сабаб ба хулоса меояд, ки телефонаш ва маблағи 320 сомонӣ, ки дар ҷейбаш будааст дар хонаи судшаванда афтидааст ва рафта аз онҷо гирад. Ҳангоми аз назди майхона гузаштан ногаҳ судшаванда аз пушти сараш як зарба мезанад. Ҳангоми тоб хурдан боз аз қисмати миёнаш бо корд се зарбаи дигар мезанад ва ў ба замин афтида дасташро ба миёнаш монда дидаст, ки пур аз хун шудааст. Дигар чизе дар ёдаш нест. Бинобар сабаби ҳарду дар ҳолати мастии сахт қарор доштан ҳамин фалокат ба вуқуъ омадааст, ў нисбати судшаванда ягон даъво надошта, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати судшаванда ҷазои сабук таъин карда шавад.

Шоҳид Р.Ф.Ҷ. дар маҷлиси судӣ пурсида шуда, чунин нишондод дод, ки ў судшаванда К.Н.А. ва ҷабрдида З.Ш.Н.ро муддати 13 сол мешиносад. Судшаванда К.Н.А. бо таъмир намудани таҷҳизотҳои техникӣ машғул будааст. Ӯ доим пас аз кор ба майхона мерафтааст ва дар бисёри маврид судшаванда Нурулло ва ҷабрдида дар онҷо ба майнушӣ машғул будаанд. Рўзи 25 сентябри соли 2020 соати 23:00 дақиқа ў дар майхона бо Шаҳбоз ном рафиқаш арақ нушида истода будаанд, ки дар ҳамин лаҳза ҷабрдида З.Ш.Н. дар назди дари даромадгоҳи майхона меафтад. Ӯ ба назди ҷабрдида меравад ва мебинад, ки аз бадани З.Ш.Н.хун ҷорӣ шуда истодааст. Ӯ бо ҳамроҳии Шаҳбоз ҷабрдидаро бардошта, ба назди нозири минтақавӣ мебаранд. Нозири минтақавӣ фавран ба ёрии таъҷилӣ занг зада, хабар медиҳад, ки зуд омада беморро баранд. Мошини ёрии таъҷилӣ омада, ҷабрдидаро гирифта, ба беморхона мебарад.

Дар минтақаи маъмурии ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур кормандони милитсия судшаванда К.Н.А.-ро ба назди онҳо оварданд. Судшаванда ўро дида, бо қаҳр ба ў мегўяд, ки чаро З.Ш.Н.-ро ў ба инҷо овардааст. Дар ин маврид судшаванда аз ҷояш хеста, ба назди ў омада, бо сараш дар рўи у мезанад, ки аз биниаш хун мерезад ва мегўяд, ки «ту бояд ҷабрдидаро намеовардӣ ў бояд мемурд» ва у аз минтақаи маъмурӣ баромада рафтааст. Дар ҳамонҷо ба ў маълум мегардад. ки судшаванда К.Н.А. бо корд ҷабрдидаро задааст.

Шоҳид Н.А. дар маҷлиси судӣ пурсида шуда, чунин нишондод дод, ки ў моҳи сентябри соли 2020 аз ноҳияи Нуробод барои кор кардан ба шаҳри Душанбе омадааст. Дар аввал дар манзили истақоматии хешашон Суратгул дар маҳаллаи Зарафшон зиндагонӣ намудааст. Санаи 22 сентябри соли 2020 ў дар тарабхонаи «ДБД» дар шаҳри Душанбе, ба сифати фаррош ба кор даромадааст. Аз ҳамин сабаб ў ба хулоса омадааст, ки дар шаҳри Душанбе ягон манзили истиқоматиро иҷора гирад ва ба хешаш Суратгул дигар халал нарасонад. Бо ҳамин мақсад санаи 25 сентябри соли 2020 соатҳои 08:00 дақиқа ў дар гирду атрофи кўчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҷустуҷўи хонаи иҷоравӣ будааст. Дар назди майдончаи варзишӣ ў судшаванда К.Н.А.-ро вохурдааст ва К.Н.А. аз ў пурсон шудааст, ки ягон кумак расонад. Ӯ гуфтааст, ки хонаи иҷоравӣ кофта истодааст. Судшаванда К.Н.А. ба ў мегуяд, ки худаш танҳо зиндагонӣ мекунад ва пешниҳод мекунад, ки дар хонаи ў иҷоранишин шавад. Ӯ қайд мекунад, ки ҳар моҳ 200 сомонӣ иҷорапулӣ пардохт карда метавонад ва К.Н.А. розӣ шудааст. Шоҳид Н.А. дарҳол анҷомҳояшро дар хонаи судшаванда монда, ба ҷойи кораш рафтааст. Соатҳои 18:00 дақиқа ў аз кор баргашта меояд ва судшаванда ўро дар хонааш ҷой карда, К.Н.А. бошад баромада меравад ва ў мегўяд, ки ў бегоҳ пас аз кор меояд. Ӯ дохили ҳуҷрааш даромада, дари ҳуҷраашро аз дарун махкам намуда, хоб кардааст.

Соатҳои 21:00 дақиқа овози ду мард аз утоқи дигари хона баромадааст, ки овози яке аз онҳо овози соҳиби хона будааст ва ў фикр кардааст, ки соҳиби хона ягон шиносашро овардааст. Баъд аз чанд дақиқа байни онҳо ҷангу ҷанҷол ба миён омадааст, онҳо ҳамдигарро дашном карда, занозанӣ кардаанд. Ӯ аз тарс дигар дари ҳуҷраашро накушода, хапу дам дар он ҳуҷраи хона менишинад. Пас аз он, ки онҳо аз хона баромадаанд, зуд хонаро тарк карда, ба хонаи амааш Р.Қ. рафтааст. Рузи дигар ў барои гирифтани анҷомҳояш ба манзили истиқоматии судшаванда Кахаров К.Н. меояд. Дар онҷо ўро кормандони милитсия хабар медиҳанд, ки ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур ҳозир шавад ва ў мефаҳмад, ки судшаванда К.Н.А. касеро бо корд задааст.

Шоҳид Мирзоев Баҳриддин Давлатмуродович дар маҷлиси судӣ пурсида шуда, чунин нишондод дод, ки ў дар ошёнаи 4 дар ҳамсоягии судшаванда К.Н.А. зиндагонӣ мекардааст. Санаи 25 сентябри соли 2020 соатҳои 07:30 дақиқа ў аз хона баромада, ба ҷойи кораш мерафтааст. Дар берун мебинад, ки судшаванда К.Н.А. дарахтони гирду атрофи майдончаи варзиширо об дода истодааст. Ӯ аз дур бо К.Н.А. саломалейк намуда, ба ҷойи кораш меравад. Соати 22 ба 23 дақиқа ў ҳамроҳи оилааш баргашта ба хона меоянд, ки занони ҳамсоя дар назди бино истодаанд. Ҳамсараш аз он занон мепурсад, ки чӣ гап шудааст дар ҷавоб занҳои ҳамсоя нақл мекунанд, ки К.Н.А. бо кадом нафар ҷанг карда, дар натиҷа кормандони милитсия омада Нуруллоро дастгир карда, бурдаанд.

Дар рафти маҷлиси судӣ нишондоди шоҳидон Қ.Б.Д., Қ.Р.Ф., Х.Ф. ва А.Ш.Қ. эълон ва мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки судшаванда К.Н.А. онҳоро тасдиқ кард.

Ваҷҳи судшаванда К.Н.А. оиди оне, ки ў мақсади куштани ҷабрдидаро надоштаасту кордчаро бошад барои кушодани дари хона гирифта бо худ мегаштааст бо нишондоди шоҳид Р.Ф.Ҷ. барои ёрии таъҷилиро даъват карданаш судшаванда бо сараш задааст ва дарҷ кардааст, ки мемонд ҷабрдида мемурд, ки ин ҳолатро худи судшаванда дар маҷлиси судӣ тасдиқ намуд. Инчунин худи судшаванда дар маҷлиси судӣ тасдиқ намуд, ки бо корд се маротиба ҷабрдидаро задааст ин ҳолат бо хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ №6152 аз 30 сентябри соли 2020 оиди расонидани зарар ба узвҳои ҳаётан муҳими ҷабрдида З.Ш.Н.тасдиқ мегардад. Суд ба хулоса омад, ки ҳаракатҳои судшаванда бевосита барои аз ҳаёт маҳрум сохтани ҷабрдида равона гардидааст ва бо ҳолатҳои аз иродаи ў вобаста набуда, бо сабаби сари вақт даъват намудани ёрии таъҷилӣ ҷабрдида З.Ш.Н. аз ҳаёт маҳрум нагардидааст.

Ғайр аз ин оиди ҳолате, ки кордчаро ба хотири кушодани даромадгоҳи хона бо худ гирифта мегаштааст бо нишондоди ҷабрдида дар мурофиаи судӣ тасдиқ нагардид.

Тибқи банди 3 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2009 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба одамкушӣ” судҳо бояд ба эътибор гиранд, ки агар ҷинояти одамкушӣ, ки ҷавобгарӣ барои он дар моддаи 104-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ҳам бо қасди бевосита ва ҳам бо қасди бавосита содир гардад, пас сўиқасд ба одамкушӣ танҳо бо қасди бевосита содир мешавад, яъне ҳаракатҳои гунаҳгор аз он шаҳодат медиҳанд, ки ў ба амал омадани маргро пешбинӣ намуда, хоҳони фарорасии он буд, вале оқибати марговар бо сабабҳои аз ў вобастанабуда, то ба охир расонида нашудааст (мисол, бо сабаби муқобилияти сахт нишон додани ҷабрдида, дахолати шахсони дигар, сари вақт ба ҷабрдида расонидани ёрии тиббӣ ва ғайра).

Аз ин рў, ваҷҳи судшаванда К.Н.А. бинобар беасос буданаш рад карда мешавад.

Инчунин гуноҳи судшаванда К.Н.А. дар содир намудани ҷинояти мазкур бо далелҳои дар қабати парванда, ки дар маҷлиси судӣ таҳлил карда шудаанд, аз ҷумла, бо гузоришҳои кормандони милитсия оиди ошкор намудани ҷиноят, бо протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса бо суратлавҳа, бо санад оиди тадқиқоти тиббӣ-судӣ, бо протоколи пурсиши гумонбаршуда, бо протоколи пурсиши шоҳидон Н.А., Р.Ф.Ҷ., Қ.Б.Д., Қ.Р.Ф., Х.Ф. ва А.Ш.Қ., бо хулосаҳои экспертон №6089, №6048, №360, №538 бо протоколи пурсиши айбдоршаванда ва дигар маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, тасдиқи пурраи худро ёфтааст.

Ҳамин тариқ ҳаракатҳои К.Н.А.-ро бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, бо зўроварӣ ба шаҳрвандон алоқманд мебошад ва бо моддаи 32 қисми 3-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сўиқасди одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигарро содир шудааст, банду баст менамояд.

Ҳангоми таъини ҷазо нисбат ба судшаванда К.Н.А. суд мувофиқи моддаи 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд ба назар мегирад.

Мувофиқи талаботи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷазоро нисбат ба судшаванда К.Н.А. сабук мекунанд ин аз карда пушаймонӣ изҳор намудан, ҷавон будан, ягона таъминотгари оила будан, аз тарафи мусбӣ тавсиянома доштан мебошад, кўдакони хурдсол доштан ҳамаи онҳоро дар маҷмуъ суд ба инобат мегирад.

Мутобиқи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷазоро нисбат ба судшаванда К.Н.А. вазнин мекунад ин дар ҳолати мастӣ содир намудани ҷиноят мебошад.

Мувофиқи талаботи моддаи 18-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти содирнамудаи судшаванда К.Н.А. ба категорияҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад.

Раводиди моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ менамояд ва раводиди моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазоро танҳо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, пешбинӣ менамояд.

Тибқи талаботи моддаи 46 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мешавад.

Бо назардошти меъёри ёдрасшуда ва содир намудани ҷиноятҳо муқобили ҳаёт ва саломатӣ ва ҷиноятҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ аз ҷониби судшаванда К.Н.А. вобаста ба таъини ҷазо дар доираи санксияи моддаи 237 қисми 1 ва моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба судшаванда К.Н.А. суд зарур мешуморад, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намояд. Зеро суд чунин мешуморад, ки бе таъин намудани ин намуди ҷазо нисбати судшаванда К.Н.А. ба мақсадҳое, ки дар моддаи 46 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ноил шудан имконнопазир аст.

Инчунин суд ҳангоми муайян намудани низоми адои ҷазо нисбати судшаванда К.Н.А. талаботи банди “г”, қисми 5-и моддаи 58 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба роҳбарӣ гирифт.

Суд инчунин масъалаи чораи пешгирии судшаванда К.Н.А.-ро мавриди муҳокима қарор дода, ба хулоса омад, ки он чун пештара бетағйир мононда шавад.

Суд ба мукалафии судшаванда К.Н.А. шубҳа пайдо накард.

Тибқи талаботи моддаи 101 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ҷиноят содир намудани шахсони гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ ё таксикомания суд дар ҳолати мавҷуд будани хулосаи тиббӣ метавонад дар баробари ҷазо ба онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин намояд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ — наркологии №538 аз 29 сентябри соли 2020 судшаванда К.Н.А. гирифтори бемории нашъамандӣ ва майзадагӣ буда, ба истеъмоли ғайри тиббии маводи нашъадори бангдонаҳо гирифтор мебошад ва ба табобати маҷбурӣ мувофиқи моддаи 101 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтоҷ мебошад. Аз ин лиҳоз суд зарур мешуморад, ки нисбати ў чораҳои маҷбурии характери тиббӣ дошта якҷоя бо татбиқи ҷазо таъин намояд.

Мутобиқи талаботи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд тақдири далелҳои шайъиро низ мавриди муҳокима қарор дода, ба хулоса омад, ки далелҳои шайъӣ як адад корди ошхонагӣ, як адад тагпуши сиёҳ, як адад болопуши варзишии сафед, як адад тагпуши кабудчатоб, як адад болопуши рангаш сафеду сиёҳ ва як адад пояфзоли мардонаи рангаш сафед, ки дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм нобуд карда шаванд.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 332-336, 338-339, 341-344, 347-348, 357-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-

Ҳ у к м   к а р д :

 

К.Н.А. бо моддаҳои 237 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.

Ба К.Н.А. бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати як сол таъин карда шавад.

Ба К.Н.А. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол таъин карда шавад.

Бо татбиқи қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рўи маҷмуи ҷиноятҳо, ба К.Н.А. бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) солу 6 (шаш) моҳ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шавад.

Мўҳлати адои ҷазои маҳкумшуда К.Н.А. аз рузи дастгиркунӣ, санаи 26-уми сентябри соли 2020 ба ҳисоб гирифта шавад.

Чораи пешгирӣ нисбати К.Н.А. дар ҳабс нигоҳ доштан, бетағйир мононда шавад.

Дар асоси моддаи 101 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати маҳкумшуда К.Н.А. чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ табобати маҷбурӣ аз нашъамандӣ ва майзадагӣ таъин карда шавад.

Далелҳои шайъӣ як адад корди ошхонагӣ, як адад тагпуши сиёҳ, як адад болопуши варзишии сафед, як адад тагпуши кабудчатоб, як адад болопуши рангаш сафеду сиёҳ ва як адад пояфзоли мардонаи рангаш сафед пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм нобуд карда шаванд.

Аз болои ҳукм дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии суди шаҳри Душанбе шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст, ба маҳкумшуда К.Н.А. бошад дар ҳамин мӯҳлат аз рӯзи гирифтани нусхаи он.

 

 

                 Раисикунанда :                                                         Умарзода И.Б.

 

                 Машваратчиёни халқӣ:                                           Мирзошозода М.

                                                                                                           Ҳасанзода М.